21.07.2020
: 1035
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба истифода додани маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Душанбе
Ҷавонону варзишгарони муҳтарам!
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Қабули барномаҳои маҷмӯии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш” ва “Рушди футбол барои солҳои 2017-2021” ҳамчун маҷмӯи амалҳои Ҳукумати кишвар ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат менамояд.
Дар муддати ду даҳсолаи охир бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти варзиш амалӣ гардид.
Ҳамин тариқ, бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд ва мухлисони варзиш танҳо дар зарфи солҳои 2011-2019-ум 2550 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода ва зиёда аз 2000 иншооти мавҷуда таъмиру таҷдид карда шуд. Танҳо соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва сарпарастон 358 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 133 миллион сомонӣ ва аз аввали соли ҷорӣ 58 иншоот ба маблағи 14 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар қаламрави мамлакат қариб 11 ҳазор иншооти варзишӣ, аз ҷумла 122 варзишгоҳ, беш аз 7200 майдончаи варзишӣ, 1803 толори варзишӣ, 93 ҳавзи шиноварӣ, 37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунанд. Илова бар ин, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода кардани варзишгарони касбӣ дар кишвар 128 мактаби варзишӣ фаъолият менамояд.
Бовар дорам, ки минбаъд низ бунёди инфрасохтори варзиш дар мамлакат идома меёбад ва барои варзишгарон, алоқамандони тарзи ҳаёти солим ва умуман, сокинони кишвар тамоми шароиту имкониятҳои муосир таъмин карда мешаванд.
Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд ва мо ифтихор дорем, ки ҷавонони имрӯзаи мо ойину анъанаҳои гузаштагони некноми худро содиқона идома медиҳанд.
Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар ҷараёни бунёди ин маҷмаа беш аз 300 нафар сокинони пойтахт ба корҳои сохтмону васлгарӣ ҷалб гардиданд ва тавре мебинем, корҳои сохтмон бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Бинобар ин, ба роҳбарияти пойтахт, лоиҳакашону сохтмончиён, мутасаддиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин иншооти бузург саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки сармоягузорӣ ба рушди ҷавонону варзишгарон ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои онҳо — сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан ва пешрафти миллат мебошад.
Сохтмони маҷмаа соли 2012 оғоз ёфта, аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 945 миллион сомонӣ дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст. Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 280 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ бо 2 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 285 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он ҳашт майдони теннис, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Қасри варзиши обӣ дар масоҳати қариб 22 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум чор ҳавзи шиноварӣ барои намудҳои гуногуни машқи обӣ ва ҳавзи кӯдакона ҷойгир буда, ҳамаи онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толорҳо барои баргузории чорабиниҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Дар шафати Қасри варзиши обӣ, ҳамчунин, ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон мувофиқ мебошад. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии қариб 8 ҳазор мураббаъ бо 288 ҷойи нишаст бунёд гардида, барои баргузории чор намуди варзиши обӣ пешбинӣ шудааст.
Қасри теннис панҷошёна буда, дар 42 ҳазор метри мураббаъ се майдони теннис, толорҳои гӯштингирӣ, варзиши умумӣ ва машқу тамрин ҷойгир карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, тамоми пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шудаанд.
Тибқи талаботи наворбардории намудҳои зикршудаи варзиш дар маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мустақиман ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд.
Яъне маҷмаа ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад ва дар он имконияти баргузор намудани на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар маҷмаа 200 нафар мутахассисони сатҳи касбии баланд, яъне шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Бовар дорам, ки иншооти нави варзишӣ дар пойтахти мамлакат ба маркази дӯстдоштаи на танҳо ҷавонони шаҳри Душанбе, балки тамоми варзишгарону ҷавонони кишвар табдил меёбад ва ҳамчун макони баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ноил шудани варзишгарони мо ба дастовардҳои нави варзишӣ мусоидат мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи солҳои охир рушди бомароми соҳаи варзиш дар пойтахт таъмин гардида, дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бисёр тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд.
Дар зарфи солҳои 2019 – 2020 дар пойтахт барои татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зиёда аз 33 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд тайи се соли охир дар пойтахт 255 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Инчунин, дар ин давра бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт дар 17 боғи фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе 319 таҷҳизоти машқи бадан насб гардидааст, ки аз онҳо ҳамарӯза садҳо нафар сокинону меҳмонони пойтахт истифода мебаранд.
Ҳоло дар пойтахт бунёди калонтарин варзишгоҳи кишвар бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, 12 толору майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон идома дорад, ки то ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супорида мешаванд.
Умуман, имрӯз дар пойтахти мамлакат 795 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 6 варзишгоҳ, 91 толор ва 554 майдончаи варзиш, 13 ҳавзи шиноварӣ, 10 маҷмааи варзишӣ ва 121 иншооти махсуси варзишӣ (тир, боулинг, фитнес) фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо дар амри солимии ҷомеа ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ дар шаҳри Душанбе 10 мактаби махсуси захираҳои олимпӣ аз рӯи 23 намуди варзиш фаъолият менамояд.
Дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти пойтахт аз соли 2017 то имрӯз дастпарварони мактабҳои махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва Бозиҳои Осиё ширкат варзида, сазовори 13 126 медал, аз ҷумла 5 122 тилло, 4018 нуқра ва 3986 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар ин давра бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қариб 2200 чорабинӣ баргузор шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 1,3 миллион варзишгарону дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок кардаанд.
Варзишгарони арҷманд!
Бо ифтихор изҳор менамоям, ки варзишгарони тоҷик бо иштироки фаъолонаи худ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд мебардоранд ва Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда истодаанд. Агар дар 70 соли даврони гузашта варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ ин рақам ба зиёда аз панҷ ҳазор расидааст.
Танҳо соли 2019 варзишгарони тоҷик ба гирифтани 203 медал, аз ҷумла 65 медали тилло, 57 медали нуқра ва 81 медали биринҷии мусобиқаҳои байналмилалӣ мушарраф гардидаанд, ки назар ба соли 2018-ум 87 медал зиёд аст.
Дар идомаи дастгириҳои соҳа ва бо мақсади ҳавасмандгардонии варзишгарон 9 январи соли 2015 Фармони Президенти мамлакат дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки дар асоси он ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо Ҷоизаи Президенти кишвар сарфароз гардонида мешаванд. Чунин намуди ҳавасмандгардонии давлату Ҳукумат ба варзишгарон нерӯи тоза бахшида, шумораи ҷоизадорон сол ба сол зиёд мегардад. То имрӯз 180 нафар варзишгарон, яъне ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, ҳаҷми умумии ҷоизапулӣ қариб 4 миллион сомониро ташкил додааст.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, дар самти таблиғу ташвиқи варзиш низ як силсила иқдомоти муҳимми дигар амалӣ гардидаанд, ки таъсис додани Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ва шабакаи телевизионии “Футбол” аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Инчунин, бо дастгирии роҳбарияти кишвар бинои Кумитаи миллии олимпӣ ва осорхонаи «Шарафи олимпӣ» пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Тайи се соли охир зери роҳбарии Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад, ки воситаи муҳими эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Эҳёи намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар ҷараёни чунин чорабиниҳо беш аз ҳама наврасону ҷавонон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба таъриху фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои халқамон ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон бо ин, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Илова бар ин, бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди минбаъдаи варзиш ва оммавигардонии он миёни наврасону ҷавонон дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин, сохторҳои маҳаллии он чорабиниҳои гуногуни оммавию варзишӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар анъанаи бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи таҷрибаи пойтахт амалӣ шуда истодааст.
Дар Паёми навбатии Президент ба Маҷлиси Олӣ низ ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати дастрасӣ пайдо кардани ҳар як сокини мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути бунёд намудани як майдонча ва як толори варзиш дар ҳар як маҳалли аҳолинишин барои даҳ соли оянда супориши дахлдор дода шуд.
Ҳозирини арҷманд!
Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолӣ қариб 33 фоизи сокинони Тоҷикистонро ҷавонони 14-30 сола ташкил медиҳанд ва ҳоло синни миёнаи аҳолӣ дар кишвар 24 сол мебошад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33 фоиз афзуда, ин рақам ҳар сол ба ҳисоби миёна 1,9 фоиз зиёд мегардад.
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои рушди ҷавонон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мебошад. Мо имрӯз ҳадафҳои бунёдкоронаи худро бо такя ба нерӯи ҷавонон ба нақша мегирем ва тамоми имкониятҳоро ҷиҳати расидан ба нақшаву ниятҳои неки худ сафарбар карда истодаем.
Мо ҳамеша бо ифтихор изҳор менамоем, ки ҷавонони мо нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлат мебошанд.
Дар баробари ин, дар замони ҷаҳонишавӣ ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дарку ҳалли онҳо аз ин қишри ояндасоз дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.
Имрӯз мубориза бар зидди густариш пайдо кардани ақидаву афкори барои миллати мо бегона бидуни ақидаи устувор ва ҷаҳонбинии муосиру васеъ ғайриимкон аст.
Пешгирӣ кардани нуфузи хурофотпарастӣ, радикализми динӣ ва терроризму экстремизм ба шуури наврасону ҷавонон аз ҷумлаи омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди кишвари азизамон мебошад. Бинобар ин, мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонон бояд дар оянда низ фаъолияти худро дар самти боз ҳам таҳким бахшидани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат тақвият бахшанд ва барои ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, маърифатию ахлоқӣ, оммавию солимгардонӣ ва маҳфилу ҳамоишҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар робита ба ин, махсус таъкид месозам, ки Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо бояд ба тарбияи мураббиёни сатҳи баланд ва варзишгарони касбӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Зеро тибқи таҳлилҳо фаъолияти на ҳамаи федерератсияҳо ба талабот ҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти федератсияҳои варзишӣ ва умуман, масъулони соҳаи тарбияи ҷисмониро зарур аст, ки барои истифодаи мақсадноку самараноки иншооти варзишии дар мамлакат бунёдгардида, аз ҷумла маҷмааи имрӯза ва нигоҳубини онҳо чораҳои иловагӣ андешанд ва ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба машқу тамрин аз шароиту имкониятҳои мусоиди фароҳамшуда ҳамаҷониба истифода намоянд.
Ҳадафи асосии мо аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.
Мо бо наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли замони истиқлолу озодии Ватанамон ифтихор мекунем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои муосирро муҳайё месозем. Ҷавонон соҳибони ояндаи сарзамини аҷдодӣ, созандагони фардои ободи кишвар ва ҳомиёни суботу оромии Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба тарғиби ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар, ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни онҳо, пешгирӣ кардани таъсири ақидаҳои ифротиву харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳарчи бештар ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир фаро гирифтани онҳо бо масъулияти баланд муносибат намоем.
Дар охир ба ҳамаи варзишгарону ҷавонони мамлакат ифтитоҳи маҷмааи нави варзишро табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла ба шумо - ҳозирини муҳтарам, тансиҳативу рӯзгори босаодат ва дар ҷодаи варзиш дастовардҳои нав орзу менамоям.
Доим сарбаланду муваффақ бошед!