20.07.2020
: 1038
Даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 19 июл доир гардид, даври сергол ба қайд гирифта шуд. Дар панҷ бозӣ 49 гол зада шуд, ки ба як бозӣ 9,8 гол рост меояд.
Аз панҷ бозӣ дар сетоаш ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. “Хатлон” бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 17:1 ғолиб омада, “Зебонисо” ба дарвозаи “Равшан” 18 голи беҷавоб, “Зебо” ба дарвозаи “Чашма” 11 голи беҷавоб заданд.
Дар бозии дигар “Барқ” бар “Ҳосилот” пирӯз шуда (2:0), бозӣ миёни дастаҳои “Бешкент” – “Регар-ТадАЗ” мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Пас аз натиҷагирии панҷ давр дар се ҷои аввали ҷадвали чемпионат дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (13 хол), “Зебо”-и Дӯстӣ (13 хол) ва “Зебонисо”-и Душанбе мавқеъ доранд.
Дар даври шашум 22 июл ҷуфтҳои зерин бо ҳам вомехуранд:
«Хатлон» – «Чашма»
«Ҳосилот» – «Зебо»
«Зебонисо» – «Барқ»
«Бешкент» – «Равшан»
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
1 | "Хатлон" (Бохтар) | 5 | 4 | 1 | 0 | 30-34 | 13 |
2 | "Зебо" (Дӯстӣ) | 5 | 4 | 1 | 0 | 27-2 | 13 |
3 | "Зебонисо" (Душанбе) | 5 | 4 | 0 | 1 | 39-2 | 12 |
4 | "Барқ" (Норак) | 5 | 3 | 0 | 2 | 5-14 | 9 |
5 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 5 | 2 | 1 | 1 | 17-5 | 7 |
6 | "Бешкент" (Носири Хусрав) | 5 | 2 | 1 | 2 | 11-6 | 7 |
7 | "Чашма" (Шаҳритус) | 5 | 2 | 0 | 3 | 8-25 | 6 |
8 | "Ҳосилот" (Фархор) | 5 | 1 | 1 | 3 | 2-11 | 4 |
9 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 5 | 0 | 1 | 4 | 4-45 | 1 |
10 | "Равшан" (Кӯлоб) | 5 | 0 | 0 | 5 | 0-29 | 0 |