Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи бонувон: пешсафон холҳоро бо ҳам тақсим карданд

16.07.2020

: 1112

15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд.

Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф – “Хатлон” ва “Зебо” доир гашт. Бозии бошиддат ва ҷолиби дастаҳо мусовӣ анҷом ёфт – 2:2. Футболбозбонувони Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд, ду голи Меҳрангез Шарифова “Зебо”-ро аз бохт наҷот дод.
Дар бозиҳои дигар “Зебонисо” бар “Регар-ТадАЗ” (4:0), “Бешкент” бар “Панҷшер” (7:1), “Ҳосилот” бар “Равшан” (1:0) ва “Барқ” бар “Чашма” (2:1) ғалаба карданд.
Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дуҳокимиятӣ ҷараён дорад. “Зебо” ва “Хатлон” бо 10-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи “Зебонисо” бо 9 хол мавқеъ гирифтааст.
Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 19 июл баргузор мешавад ва дастаҳо тариқи зайл бо ҳам вомехуранд: «Панҷшер» – «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» – «Бешкент», «Равшан» – «Зебонисо», «Барқ» – «Ҳосилот», «Зебо» – «Чашма».

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т      Х  
 1   "Зебо" (Дӯстӣ)      4  3  1  0  16-2  10  
 2  "Хатлон" (Бохтар)    4  3  1  0  13-3  10
 3  "Зебонисо" (Душанбе)    4  3  0  1  21-2  9
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    4  2  0  2  17-5  6
 5  "Бешкент" (Носири Хусрав)  4  2  0  2  11-6  6
 6  "Чашма" (Шаҳритус)  4  2  0  2  8-14  6
 7  "Барқ" (Норак)  4  2  0  2  3-14  6
 8  "Ҳосилот" (Фархор)  4  1  1  2  2-9  4
 9  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)    4  0  1  3  3-28  1
 10    "Равшан" (Кӯлоб)  4  0  0  4  0-11  0