02.07.2020
: 1172
1 июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни ҷудо шуруъ шуд.
Дар курси техникӣ, ки дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон то 8 июл идома меёбад, 20 мураббӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.
Ба иштирокчиён довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо пешбарӣ шудааст, қоидаву усулҳои гуштини ҷудоро меомӯзонад.
“Муддати ҳашт рӯз мо дар асоси дастурамалу маводҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо бо иштирокчиёни курс қоидаву усулҳои ҷудоро, ки қариб ҳар сол бозбинӣ мешаванд, ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал баррасӣ мекунем”, - иброз намуд Рамзӣ Шамиров.