Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муҳаммад дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё медали нуқра гирифт

24.02.2020

: 1319

23 феврал бо баргузории қувваозмоиҳо дар вазнҳои 61кг, 74кг, 86кг, 92кг, 125кг-и гуштини тарзи озод Чемпионати Осиё оид ба гуштин анҷом ёфт.

Дар рӯзи охир паҳлавонони мо боз як медали нуқра ба даст оварданд. Ин бор Муҳаммад Икромов дар вазни 61кг дурахшид. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷиҳон Юн, дар нимфинал бар варзишгари Ҷопон Риуто Сакакӣ ғалаб кард, вале дар финал аз намояндаи Қирғизистон Улукбек Жолдошбеков бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Ин чорум медали гуштингирони мо дар Чемпионати Осиё буд, ки 18-23 феврал дар Деҳлӣ баргузор шуд. Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57кг-и гуштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг-и гуштини озод ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг-и гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар чемпионат аз рӯи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон – 275 варзишгар аз 24 давлати қораи Осиё иштирок доштанд. Ҷумҳурии моро 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ карданд.
Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷои аввалро сазовор шуданд. Эрон бо 17 медал (7-4-6) ҷои дуюм, Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷои нуҳумро ишғол кард.