23.01.2020
: 1263
Имрӯз – 23 январ – мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гран Прии Тел Авив оғоз мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа, ки аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 давлат иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба Исроил сафарбар гардиданд, ки дар 6 вазн миёни мардон гуштин мегиранд:
1. Давлаталӣ Назаралиев (-60кг)Қувваозмоиҳо чун анъана се рӯз идома меёбад. 23 январ варзишгарони вазнашон -60кг, -66кг (мардон) ва -48, -52кг, -57кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Аз миёни варзишгарони мо танҳо Давлаталӣ гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад.
2. Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг)
3. Сомон Маҳмадбеков (-73кг)
4. Акмал Муродов (-81кг)
5. Комроншоҳ Устопириён (-90кг)
6. Саидҷалол Саидов (-100кг)
7. Темур Раҳимов (+100кг)
8. Шакармамад Мирмамадов (+100кг).