Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд

Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд Баҳодур, Сомон, Гулсунбӣ... Беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш эълон шуданд

25.12.2019

: 356

24 декабр дар Кохи “Суруш”-и пойтахт маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор шуд.

Чорабинӣ бо шунидани Суруди миллӣ шуруъ гардид.


 
Ба табрики варзишгарон муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигарон омада буданд.
Азим Иброҳим зимни сухани табрикӣ, аз ҷумла изҳор дошт, «Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирӣ намудани варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, халқи тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат устуворона ба марҳилаи нави рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардида истодааст».
Қайд гардид, ки соли 2019 варзишгарони мо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 994 медал (355 тилло, 250 нуқра, 389 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2018 416 медал зиёд аст. Медалҳо аз рӯи намудҳои олимпии варзиш 416 ададро ташкил медиҳад, ки 150 медали тилло, 130 медали нуқра, 2012 медали биринҷӣ мебошад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 37 варзишгаре, ки меъёри низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзиширо иҷро карданд, ҷоиза тақдим карда шуд. Бо Амри Президенти ҷумҳурӣ ба ин муносибат дар умум 911250 сомонӣ ҷудо гардид.



НАМУДҲОИ ОЛИМПӢ

1. ДИЛШОД НАЗАРОВ (варзиши сабук),
Медали тилло дар Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ (21-24.04.2019, Доҳа, Қатар), 75000 сомонӣ (15 000 сомонӣ ба мураббӣ)

2. БАҲОДУР УСМОНОВ (бокс),
Медали тилло дар Чемпионати Осиё, дар вазни -64кг (18-26.04.2019, Бангкок, Тайланд), 75000 сомонӣ (15000 сомонӣ ба мураббӣ)

3. ШАҲРИЁР ДАМИНОВ (қайиқронӣ, каноэ),
Медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё дар масофаҳои 3600м, 26км (10-20.10.2019, Шаосинг, Чин), 50000+25000 сомонӣ (15000 сомонӣ ба мураббӣ)

4. ТЕМУР РАҲИМОВ (дзюдо),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё, дар вазни +100кг (20-23.04.2019, Фуҷайра, АМА), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

5. КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН (дзюдо),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -90кг (20-23.04.2019, Фуҷайра, АМА), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

6. СОМОН МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо),
Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -73кг (10-20.10.2019, Марокаш), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

7. ФИРӮЗ МИРЗОРАҶАБОВ (гуштини юнонӣ-римӣ),
Медали тиллои Чемпионати Осиё (4-7.07.2019, Нурсултон, Қазоқистон) ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (29.07-4.08.2019, Софиа, Булғория) миёни наврасон дар вазни -55кг, (25000+18750) 43750 сомонӣ (8750 сомонӣ ба мураббӣ)

8. ШЕРЗОД ОЧИЛОВ (гуштини юнонӣ-римӣ),
Медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон (29.07-4.08.2019, Софиа, Булғория) ва медали биринҷии Чемпионати Осиё (4-7.07.2019, Нурсултон, Қазоқистон) миёни наврасон дар вазни -71кг, (37500+6250) 43750 сомонӣ (8750 сомонӣ ба мураббӣ)

9. ДАЛЕР РИЗОЗОДА (гуштини юнонӣ-римӣ),
Медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (9-14.07.2019, Чон Бурӣ, Тайланд) ва ҷавонони то 23-сола (21-24.03.2019, Уланбатор, Муғулистон) дар вазни -72кг, 18750 сомонӣ (12500+6250), (3750 сомонӣ ба мураббӣ)

10. ҒАНИҶОН ҒАНИЕВ (дзюдо),
Медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -73кг (27-28.07.2019, Тайпейи Чин), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ)



11. АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ (бокс),
Медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -54кг (10-17.10.2019, Фуҷайра, АМА), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ)

12. ИСЛОМ ТОЛИБОВ (гуштини юнонӣ-римӣ)
Медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола, дар вазни -57кг (21-24.11.2019, Тайпейи Чин), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ)

13. ШОДМОН РИЗОЕВ (дзюдо),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар вазни -66кг (29-30.07.2019, Тайпей, Чин), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

14. МУҲАММАДҲАСАН ШОҲМАҲМАДОВ (таеквондо),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар вазни -73кг (21-22.07.2019, Оммон, Урдун), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

15. АБУБАКР МУРОДОВ (бокс),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -52кг (10-17.10.2019, Фуҷайра, АМА), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

16. МУСТАФО АХМЕДОВ (гуштини озод),
Медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -65кг (4-7.07.2019, Нурсултон, Қазоқистон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

17. СУЛАЙМОНИ ҶАМШЕД (дзюдо)
Медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни наврасон, дар вазни -60кг (10-11.05.2018, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

18. АБУБАКР ШУКУРОВ (гуштини озод),
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -80кг (4-7.07.2019, Нурсултон, Қазоқистон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

19. АҲЛИЯ МУЪМИНОВА (дзюдо),
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -52кг (27-28.07.2019, Тайпейи Чин), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

20. МАНСУР РАҲМОН (дзюдо),
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон дар вазни -90кг (27-28.07.2019, Тайпейи Чин), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

21. НАСИМҶОН ТУРДИБЕКОВ (гуштини юнонӣ-римӣ)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола, дар вазни -68кг (21-24.11.2019, Тайпейи Чин), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

22. МУҲАММАДАМИН АБДУЛЛОЕВ (гуштини озод)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола, дар вазни -57кг (21-24.11.2019, Тайпейи Чин), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

23. ФАРОРУН МИРЗОШОЕВ (дзюдо)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон, дар вазни -66кг (10-11.05.2018, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

НАМУДҲОИ ҒАЙРИОЛИМПӢ

24. СИЁВУШ ИБРАГИМОВ (таэквондо ИТФ)
Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон дар вазни -71кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

25. МУҲСИНҶОН МУЛОҶОНОВ (таэквондо ИТФ)
Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон дар вазни -52кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

26. САБИНА ТЮРАЕВА, АЛИШЕР АХМЕДОВ, МУҲАММАД ДАВЛАТШОЕВ (таэквондо ИТФ)
Медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар равияи “Дифоъ аз худ”, даставӣ (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 40000 сомонӣ (8000 сомонӣ ба мураббӣ)

27. АЛИШЕР АХМЕДОВ (таэквондо ИТФ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар вазни -58кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 30000 сомонӣ (6000 сомонӣ ба мураббӣ)

28. ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ (самбои варзишӣ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар вазни -62кг (8-10.11.2019, Чонгҷу, Кореяи Ҷанубӣ), 30000 сомонӣ (6000 сомонӣ ба мураббӣ)

29. СОРБОН ЛАТИПОВ (самбои размӣ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар вазни -62кг (8-10.11.2019, Чонгҷу, Кореяи Ҷанубӣ), 30000 сомонӣ (6000 сомонӣ ба мураббӣ)

30. ОЯТУЛЛО АСАДУЛЛОЗОДА (таэквондо ИТФ)
Медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар равияи “Пас” (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 10000 сомонӣ (2000 сомонӣ ба мураббӣ)

31. МАНСУР ШОДМОНОВ (таэквондо ИТФ)
Медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар вазни -45кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 10000 сомонӣ (2000 сомонӣ ба мураббӣ)

32. СИНО ИБРОҲИМОВ (таэквондо ИТФ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -51кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 7500 сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббӣ)

33. МУФАРРА ҲАЛИМОВА (таэквондо ИТФ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -52кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 7500 сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббӣ)

34. МУЪМИНҶОН НУРОВ (таэквондо ИТФ)
Медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар вазни -50кг (26-30.08.2019, Пловдив, Булғория), 7500 сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббӣ)

35. АСАДБЕК ФАТТОЕВ (каратэ)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон, дар вазни -68кг (26-28.04.2019, Ката Кинабалу, Малайзия), 3750 сомонӣ (750 сомонӣ ба мураббӣ)

36. УМЕД САФАРОВ (каратэ)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон, дар вазни -76кг (26-28.04.2019, Ката Кинабалу, Малайзия), 3750 сомонӣ (750 сомонӣ ба мураббӣ)

Баъдан беҳтаринҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш эълон ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд:



Беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намудҳои олимпӣ - Баҳодур Усмонов (бокс)



Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон – Сомон Маҳмадбеков (дзюдо)



Беҳтарин варзишгари сол миёни бонувон – Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук)

Беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ – Сиёвуш Ибрагимов (таеквондо ITF)

Беҳтарин мураббии сол – Зайниддин Раҳимов (футбол)



Беҳтарин дастаи варзишии сол – дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17)



Беҳтарин довари сол – Абдулло Саидхоҷаев (гуштингирӣ, кураш, самбо, дзюдо)

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишии сол – шаҳри Душанбе



Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ – Федератсияи футболи Тоҷикистон



Федератсияи миллии рӯ ба рушд:
- Федератсияи дзюдои Тоҷикистон;
- Федератсияи тенниси Тоҷикистон

Беҳтарин иншооти варзишии сол:
- Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ;
- Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд;
- Маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе.

Беҳтарин мактаби варзишии сол – Муассисаи давлатии “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб”

Беҳтарин ВАО-и варзишии сол:
– ТВ “Варзиш”
– АМИТ “Ховар”



Беҳтарин шореҳи варзишии сол – Бобо Холмуродзода