11.12.2019
: 1282
14 декабр дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо доираи васеи дастаҳои мунтахаби кишвар ва дӯстдорону ҳаводорони варзиш баргузор мегардад. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, сарпарастии онро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бар уҳда гирифтаанд.
Яке аз муҳимтарин воситаи устувор гардонидани рушди соҳаи варзиш эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст, зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат аз нав эҳё ва рушд ёфта истодаанд.
Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан бозиҳои миллии варзишӣ ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, он барои беҳдошти генофонди миллат арзиши калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим вобаста ба фасли сол ва синну сол намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ дошт, ки ба воситаи онҳо солимии миллат мунтазам таъмин мегардид.
Эҳё ва рушди намудҳои миллии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила - дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ - ҷиҳати фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таърих, фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ мегардад.
Марҳилаи интихобии якум аз 20 то 30 марти соли 2019 дар сатҳи маҳал (деҳа, ҷамоати деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияҳо) дар доираи таҷлили Наврӯз доир гардид. Марҳилаи интихобии дуюм аз 7 то 27 сентябри соли 2019 дар сатҳи минтақа (вилоятҳо) бо иштироки ғолибони марҳилаи якум ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ 30 ноябр оғоз шуда, 14 декабр ҷамъбаст мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, дав ба масофаҳои 200, 400, 800 метр, шоҳмот, бандкашӣ ворид гардидаанд. Дар доираи фестивал, ҳамчунин бозиҳои чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшербозӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ, ҳой ва бандпарак намоиш дода мешаванд.