02.12.2019
: 1343
Варзишгари маъруфи кишвар Сорбон Латипов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.
Мусобиқа 30 ноябр – 1 декабр дар шаҳри Нурсултон бо иштироки 150 варзишгар аз 13 давлат доир гашт. Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар – Сорбон Латипов (вазни -62кг) дар самбои варзишӣ, Акмал Давлатов (-62кг), Муҳаммад Гуреззода (-68кг), Шаҳром Шералов (-82кг) дар самбои размӣ ширкат карданд ва танҳо ба Сорбон Латифов муяссар шуд, ки соҳиби ҷоиза гардад.
Ёдовар мешавем, ки Сорбон аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон дар Корея, дар вазни -62кг-и самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.