23.11.2019
: 1623
Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард.
Мусобиқа 22 ноябр дар шаҳри Осакаи Давлати Ҷопон оғоз гардида, фардо – 24 ноябр ба анҷом мерасад.
Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Руссия Евгений Прокопчук ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид. Сомон сипас, дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари дигари мизбон Арата Татсукаваро шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Соишӣ Ҳашимото, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Муғулистон Одбайар Ганбаатар шуд.
Ду варзишгари дигарамон - Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков барои ҷои сеюм медали биринҷӣ ва 1500 доллари ИМА ҷоизапулӣ гирифт, ҳамчунин соҳиби 500 хол гардида, мавқеашро дар радабандии ҷаҳонии олимпӣ беҳтар месозад Ӯ феълан бо 2060 хол дар ҷои 16-уми вазни -73кг мавқеъ дорад.
Ёдовар мешаем, ки дар мусобиқа 486 варзишгар (280 мард, 206 зан) аз 87 давлат ширкат доранд.