04.11.2019
: 1327
5-15 ноябр дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ барои шиноварони ҷавони Осиё баргузор мегардад.
Дар ин чорабинии варзишӣ, ки таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё дар доираи Лоиҳаи “Рушди ҷавонони Осиё-2019” баргузор мегардад, бо мусоидати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду шиноварӣ ҷавони кишвар – Екатерина Бордачева ва Садам Рамзиёрзода бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби шиноварони Тоҷикистон Алишер Чингизов ширкат менамоянд.
Варзишгарони мо, ҳамчунин дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки 7-9 ноябр дар Доҳа баргузор мегардад, сабқат мекунанд.
Ҳайати Тоҷикистонро шаби 4 ноябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ба шаҳри Доҳа гусел намуд.