Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин пирӯзии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон

29.10.2019

: 1181

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) Чемпионати ҷаҳон-2019-ро бо ғалаба оғоз кард.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар нахустин бозиашон дар гурӯҳи “Е” бар тими Камерун – чемпиони Ҷоми миллатҳои Африқо миёни наврасон - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро Шарифбек Раҳматов дар дақиқаи 52-юми дидор аз пеналтӣ зад.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Испания – Аргентина мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Футболбозони ҷавони мо дар даври дуюм муқобили Испания вориди майдон мешаванд. Бозӣ 1 ноябр, соати 1:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон бо иштироки 24 дастаи беҳтарини қора дар Бразил ҷараён дорад. Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз 6 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ роҳхат мегиранд.