Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

6 медали варзишгарони тоҷик дар ЧҶ-2019 оид ба самбо

14.10.2019

: 1300

11-13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.

Дар чемпионат 370 варзишгар аз 28 давлат: Арманистон, Белорус, Булғория, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон, ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни -48кг, Сомон Сангов дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷиро варзишагрони мо миёни наврасон ба даст оварданд: Бузургмеҳр Исоев дар вазни -60кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни -70кг, Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни -87кг.