Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳбарони академияҳои олимпии 6 давлат дар Сочӣ вохурданд

Роҳбарони академияҳои олимпии 6 давлат дар Сочӣ вохурданд Роҳбарони академияҳои олимпии 6 давлат дар Сочӣ вохурданд

10.10.2019

: 1110

3-5 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии олимпии Россия, воқеъ дар шаҳри Сочӣ семинар-машварати роҳбарони академияҳои олимпии Россия, Латвия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Узбекистон баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро президенти Академияи миллии олимпӣ Шодӣ Сафаров намояндагӣ кард.
Иштирокчиён масъалаҳои муҳими таълимоти олимпӣ – ҳамгироии муассисаҳои таълимӣ дар самти омӯзиши олимпӣ, ҷалби варзишгарон-олимпичиҳо, кор бо насли ҷавон, истифодаи технологияи муосир ҷиҳати рушди арзишҳои олимпӣ ва ғайраро муҳокима карда, аз таҷрибаи кориашон ва оид ба рушди ҳаракати олимпӣ андешаҳояшонро баён намуданд. Онҳо инчунин натиҷаҳои Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Красноярск ва Наполиро баррасӣ карданд.
Президенти Кумитаи олимпии Россия Станислав Поздняков, ки дар семинар иштирок кард, аз ҷумла гуфт, нақши академия дар рушди таълимоти муосири олимпӣ калон аст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар формати вохуриҳо боиси наздик шудани муносибатҳо мегардад ва нақшаҳои ҳамкории дарозмуддат ба миён хоҳанд омад.