08.10.2019
: 1102
5-6 октябр дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Валентин Золотарев миёни мардҳо баргузор шуд.
Дар мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони минтақаҳои Узбекистон, муштзанҳо аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, дар умум 177 нафар ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 2 медал – 1 тилло, 1 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали тиллоро Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни 75кг пас аз 5 ғалаба бар ҳарифонаш аз Узбекистону (4 нафар) Қирғизистон (1 нафар) ба даст овард. Медали биринҷиро бошад, Дилшод Оқилов дар вазни 52кг сазовор шуд. Дилшод дар дар ду давр бар намояндагони Узбекистон пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард.