07.10.2019
: 1065
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки пеш аз муҳлат унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шуд, дар даври нуздаҳум аз тими “Регар-ТадАЗ” мағлуб гашт. Ин аввалин бохти тими Душанбе дар чемпионати имсола мебошад.
Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 1:2 хотима ёфт. Бозингари тими шаҳри Турсунзода Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 27 ҳисобро кушод, ҳамдастааш Шерзод Муҳаммадиев дар дақиқаи 61 ҳисобро афзуд. Голи “Истиқлол”-ро дар дақиқаи 72 Аҳтам Назаров аз пеналтӣ зад.
Се бозии дигари даври 19-ум баргузор шуданд. Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ба голи задаи бозингари тими мизбон Парвиз Охунов (дақиқаи 59), меҳмонон тавассути Юрий Захаркив (66) ва Соҳибҷон Ҳакимов (90+4) бо ду гол ҷавоб гардонданд.
КМВА “Помир” дар меҳмонӣ тавассути Сафаралӣ Каримов (35-ум дақиқа аз пеналтӣ ва Шервонӣ Мабатшоев (68) ба дарвозаи тими “Панҷшер” ду голи беҷавоб зад.
Дар бозии дигар “Истаравшан” бар тими “Куктош” бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ду голро Бахтовар Зокиров, як голи дигарро Тулқинҷон Умаров ба номашон сабт карданд.
Пас аз натиҷагирии 19 давр дастаи “Регар-ТадАЗ” ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат баромад. Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош”-ро бошад, хориҷ шудан аз лигаи олӣ таҳдид мекунад.
Бо сабаби бозии тими миллии Тоҷикистон муқобили дастаи мунтахаби Ҷопон (15 октябр) дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар чемпионати мамалкат танаффус ба миён меояд. То охири мавсим дар лигаи олии Тоҷикистон се даври дигар боқӣ мондааст.
Б Ғ М Б Т/Т Х 1 "Истиқлол" (Душанбе) 18 14 3 1 52-14 45 2 "Хуҷанд" (Хуҷанд) 17 10 2 5 33-17 32 3 "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) 18 7 4 7 26-28 25 4 "Хатлон" (Бохтар) 18 6 5 7 26-28 25 5 КМВА "Помир" (Душанбе) 18 6 4 8 19-24 22 6 "Истаравшан" (Истаравшан) 17 6 3 8 17-24 21 7 "Куктош" (Рӯдакӣ) 18 5 5 8 24-32 20 8 "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) 18 3 2 13 13-45 11