03.10.2019
: 1067
Дар даври аввали марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бар дастаи Малдив бо ҳисоби 9:0 ғалаба кард.
Бозӣ шоми 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Шаҳром Самиев 3 гол, Ислом Зоиров, Шарифбек Раҳматов дуголӣ, Манучеҳр Сафаров як гол заданд. Як тӯби дигарро бозингарони Малдив ба дарвозаашон ворид карданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Лубнон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Дар даври дуюм 4 октябр футболбозони ҷавони мо муқобили ҳамсолонашон аз Лубнон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ – 19:00. Қабл аз ин дидор, соати 16:00 бозӣ миёни тимҳои Сурия ва Малдив оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола 46 даста дар 11 гурӯҳ иштирок доранд. Дар натиҷа, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.