12.09.2019
: 1105
11 сентябр дар Ҳангжоуи Чин ҷаласаи дуюми кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои олимпии Осиё доир гашт, ки 10 гузориши шуъбаҳои гуногуни Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2022 шунида шуд.
Қабл аз ҷаласа намояндагони Шӯрои олимпии Осиё дар Ҳангжоу аз иншооти баргузории мусобиқоти Бозиҳои Осиё-2022 ва шаҳраки олимпӣ дидан карданд.
Роҳбари кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рангхир Сингҳ гуфт, то баргузории бозиҳо се сол мондааст ва бовар дорем, ки бозиҳои навбатӣ бесобиқа хоҳад буд. Мо чунин меҳисобем, ки қораи Осиё дар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. “Бе гумон, ҷаҳон ба Осиё менигарад”.
Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн Ал Мусаллам изҳор намуд, ки Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу дар сатҳи баланд хоҳад гузашт. “Бисёр намудҳои варзиш аз Осиё ба Бозиҳои олимпӣ гузаштаанд, мисли тенниси рӯи миз, дзюдо. Мо бо дастовардҳоямон ифтихор мекунем”, - афзуд Ҳусайн Ал Мусаллам.
Дар ин ҷаласа ба барномаи Бозиҳои Осиё-2022 се намуди варзиш – каратэ, шӯхпаймоии варзишӣ ва бейсбол/софтбол - ворид карда шуд ва шумораи намудҳои варзиш ба 40 адад расид:
1. Аспсаворӣ
2. Бадминтон
3. Баскетбол
4. Бейсбол/Софтбол
5. Бозиҳои рӯи миз (шоҳмоти чинӣ, go, шоҳмот)
6. Бокс
7. Вазнбардорӣ
8. Варзиши сабук
9. Варзишҳо дар об (шино дар оби озод, ватер поло, шинои ҳамзамон, ҷаҳиш ба об, шиноварӣ)
10. Велосипедронӣ (BMX, роҳи кӯҳӣ, шоҳроҳ, тасмароҳ)
11. Волейбол
12. Гимнастика (трамплин, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ)
13. Голф
14. Гуштин
15. Заврақронӣ
16. Кабаддӣ
17. Камонварӣ
18. Каноэ (қайиқи дракон, каноэ слалом, каноэ спринт)
19. Каратэ
20. Крикет
21. Кураш
22. Қайиқронӣ
23. Панҷҳарбаи муосир
24. Регбӣ-7
25. Сепактакрав
26. Шамшербозӣ
27. Сеҳарба (Triathlon)
28. Скваш
29. Скейтбозӣ (скейти чархдор, скейтборд)
30. Таеквондо
31. Теннис
32. Тенниси рӯи миз
33. Тирандозӣ
34. Ушу
35. Футбол
36. Ҳандбол
37. Чавгонбозӣ
38. Ҷиуҷитсу
39. Ҷудо
40. Шӯхпаймоии варзишӣ
19-ум Бозиҳои Осиё 10-25 сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад. Дар бозиҳо бори аввал варзишгарони кишварҳои қораи Уқёнус низ ширкат хоҳанд кард.