30.07.2019
: 1107
Баъд аз танаффуси якрӯза 29 июл бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) баргузор шуд ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Голҳоро Суннатулло Азизов (дар дақиқаи 59), Муҳаммадворис Сайдалиев (67) ва Хусрав Тоиров (70+4) ба ҳадаф расониданд.
Дар бозиҳои дигар Афғонистон бар Эрон бо ҳисоби 1:0 ва Узбекистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Баъд аз натиҷагирии се давр Тоҷикистону Афғонистон бо касби 7-холӣ пешсафанд. Эрон бо 6 хол дар ҷои сеюм, Узбекистон бо 4 хол дар ҷойи чорум, Қирғизистон бо 1 хол дар зинаи панҷум мавқеъ доранд. Туркманистон бе хол дар ҷои охирин аст.
Имрӯз – 30 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати АФОМ-2019 (U-16) доир мегарданд. Тими наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон вомехурад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:00 оғоз мегардад. Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор Афғонистон бо Узбекистон бозӣ мекунанд. Соати 20:30 бошад, дар Душанбе тимҳои Қирғизистон ва Туркманистон вориди майбон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома чемпионати АФОМ (U-16) тибқи системаи даври дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.