12.07.2019
: 1174
Имрӯз дар шаҳри Будапешти Маҷористон мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Budapest Grand Prix 2019” оғоз мегардад ва то 14 июл идома меёбад.
Давоми се рӯз 550 варзишгар (344 мард, 206 зан) аз 82 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок доранд.
Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон сурат мегирад. 13 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи сеюм бошад, беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд.
Чун анъана ғолибон дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.
Сомон ва Акмал фардо – 13 июл, Комроншоҳ ва Темур 14 июл гуштин мегиранд. Рақиби Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Антуан Бучард аз Канада мебошад. Акмал Муродов дар даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо Алексисос Нтанадсидис аз Юнон гуштин мегирад. Ҳарифи Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал Марко Бубанҷа аз Австрия ва ҳарифи Темур Раҳимов Сослан Бостанов аз Руссия ҳастанд.
Ду варзишгари мо – Хайёмиддин Ҷабборов (-66кг) ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), ки ҷиҳати иштирок дар мусобиқа номнавис шуда буданд, бо иллати дарёфт накардани раводид, аз иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.