Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5 дзюдочии тоҷик дар Гран Прии Анталия ширкат мекунанд

01.04.2019

: 1135

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 6 нафар дар Гран Прии Анталия-2019 иштирок мекунанд.

Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ҷумҳурии моро дар Гран Прии Анталия зери роҳбарии ӯ 5 варзишгар – Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду дар вазни -66кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.
Мусобиқаи анъанавии дзюдо дар Анталияи Туркия 5-7 апрел баргузор мешавад. Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 537 варзишгар (330 мард, 207 зан) аз 78 кишвари дунё дар назар аст. Чун анъана, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои 2-юм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар Гран Прии Анталия соли 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ғолиб, соли 2017 сазовори медали нуқра гардида буд.

Барномаи Гран Прии Анталия-2019

5 апрел
Занҳо: -48 кг, -52 кг, -57 кг
Mардҳо: -60 кг, -66 кг

6 апрел
Занҳо: -63 кг, -70 кг
Mардҳо: -73 кг, 81 кг

7 апрел
Занҳо: -78 кг, +78 кг
Mардҳо: -90 кг, -100 кг, +100 кг

Оғози қувваозмоиҳои муқаддамотӣ – соати 12:00, қувваозмоиҳои финалӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе