29.03.2019
: 1220
29-уми март, зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ҳамроҳи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон дар ба истифода додани майдончаи варзишии замонавии деҳаи Далён иштирок карданд.
Майдони варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, дар масоҳати 946 метри мураббаъ бо маблағи умумии 500000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст.
Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд кард, ки майдончаи варзишии замонавӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки ин эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва худшиносу ватандориро дар миёни ҷавонону варзишгарон талқин менамояд. Дар ноҳияи Деваштич ба истиқболи ин ҷашни сарнавиштсоз бунёди 300 иншооти маъмурӣ, таъиноти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангию корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гифта шудааст.
Барои саҳми арзанда дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкор Неъматулло Раҳматов ва шахсони саховатпешаи деҳа ифтихорнома ва сипоснамаҳо тақдим гардид.