07.02.2019
: 1292
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар самти таблиғи варзиши пок, баланд бардоштани дониши зиддидопингии варзишгарону мураббиён ва масъулони соҳа тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир яке аз фаъолиятҳои асосии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳлилу омӯзиши масъалаҳои вобаста ба допинг, ҳимояи рақобати одилона дар варзиш ва варзишгарони тоза мебошад.
КМОТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо истифодаи доруҳои мамнуъ дар варзиш ва таблиғи варзишӣ тоза як қатор корҳоро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи асосӣ ба маълумотнок гардонидани варзишгарону мураббиён, кормандони тиб, ҳайати роҳбарии федератсияҳои варзишӣ ва мактабҳои варзишӣ оид ба допинг ва натиҷаҳои истифодаи он дода мешавад.
Дар ҳамин росто, моҳи январ дар доираи “Барномаи тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони тоза” дар мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе як қатор семинарҳои омӯзишӣ оид ба масъалаи допинг гузаронида шуд.
“Допинг чист?”, “Санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолиятҳои зидди допинг”, “Таъсис ва вазифаҳои Агентии ҷаҳонии зидди допинг”, “Чораҳои байналмилалии мубориза бо допинг дар варзиш”, “Чораҳои мубориза бар зидди допинг дар сатҳи ҳукуматҳо”, “Шиносоӣ бо рӯйхати доруҳои мамнуъ дар варзиш”, “Тартиби гузаронидани ташхиси допинг”, “Натиҷаҳои истифодаи допинг ва таъсири он ба карйера ва ҳаёти шахсии варзишгар” ва ғайра аз мавзӯъҳои асосии семинарҳо буданд.