04.02.2019
: 1237
ДУШАНБЕ. 2019, 04 феврал
Варзишгардухтари тоҷик, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT) миёни ҷавонон Муниса Ойматова дар мусобиқаи байналмилалии “7th Fujairah Open 2019-G1”, ки 1-3 феврал дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, сазовори медали нуқра гашт.
Муниса дар вазни -49кг дар финал аз варзишгари Тайланд Бунянучи Нгамҷамрат мағлуб шуд. Ду ҷои сеюмро варзишгарони Ҳиндустон – Хушӣ Мешрӣ ва Канчӣ Теланг соҳиб шуданд.
Варзишгари дигари тоҷик Алишон Хоҷаназаров дар вазни -63кг миёни ҷавонон дар аввалин рақобаташ аз намояндаи кишвари мизбон – АМА шикаст хурд.
Дар мусобиқа 957 варзишгар аз 36 давлат дар се дараҷаи синну солӣ – наврасон, ҷавонон ва калонсолон – ширкат намуданд.
Варзишгарони моро дар мусобиқа мураббӣ Шамсулло Қодиров ҳамроҳӣ кард. Ҳамчунин, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Аланазаров рақобатҳоро дар ин мусобиқа ҳакамӣ карданд.