31.01.2019
: 1222
8-17 феврали соли 2019 дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” баргузор мешавад.
Ҷумҳурии моро дар бозиҳо 3 варзишгари наврас – Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов, Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слалом ва слаломи бузург иштирок менамоянд.Варзишгарон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” ба бозиҳо омодагӣ мебинанд.
Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё сурат мегирад ва як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон-2020 дар Лозанна (Швейтсария) ба ҳисоб меравад.