27.01.2019
: 1119
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск тавассути силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бар тими наврасони Булғористон ғалаба кард.
Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳаои ёздаҳметра футболбозони навраси мо маҳорати баланд нишон доданд – 4:3. Дарвозабони тими наврасони мо Муҳриддин Ҳасанов 2 тӯби ҳарифонро баргардонд.
Акнун барои ҷои панҷум тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи наврасони Исландия вомехурад. Ин бозӣ 28 январ, соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Дар финал дастаҳои Белорус ва Исроил бозӣ мекунанд, барои ҷои сеюм бошад, Гурҷистон ва Словакия.
Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми пешрафт-2019» дар Минск
Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
Булғористон – ТОҶИКИСТОН – 1:1. Пеналти – 3:4
Голҳо: Рустам Соиров, 64 (0:1). Крастев, 70 (1:1).
Булғористон: Георгиев, Пемперски, Статев (Боянов, 76), Сораков (Папазов, 58), Крастев, Сончев (Мавродиев, 67), Николов (к), Калинов (Пенелов, 76), Бучков, Бакалов, Христов.
Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Шуҳрат Элмуродов, 56), Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.