19.01.2019
: 1096
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро низ дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бо ғалаба анҷом дод. Шогирдони Усмон Тошев ин бор бар дастаи мизбон – Қатар пирӯз гардиданд – 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 37-ум Шарафҷон Солеҳов зад.
Ҳар ду даста бо ҳайати кам бозӣ карданд. Дар дақиқаи 61-уми дидор барои рафтори ғайриварзишӣ капитани дастаи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари дастаи Қатар Илёс Аҳмад Алӣ барои зарба ба ҳариф аз майдон ронда шуданд.
Дар бозии дигари мусобиқаи “Чор миллат” мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Кувайт 5 голи беҷавоб зад.
Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев андешаҳояшро баъд аз бозӣ чунин баён кард: “Бозӣ аз ҷиҳати интизом бисёр хуб гузашт. Дар хати дифоъ даста баробар бозӣ кард. Он чи ки ман аз бачаҳо хостам, онҳо иҷро карданд. Монда шуданд, аммо то охир талош намуданд. Фикр мекунам, мо роҳи дурустро рафта истодаем. Мутаассифона, дар аввали нимаи дуюм ба Эҳсони Панҷшанбе корти нодаркори сурх нишон дода шуд. Ҳариф бо даст бозӣ кард ва Эҳсон бо довар баҳс намуд, бояд худро идора мекард. Ба бачаҳо офарин, 10 нафар бозӣ карданд ва дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ лаҳзаҳои хубро ба миён оварданд. Ба фикрам бозингарон капитанашонро дастгирӣ карданд ва хатои ӯро ҷуброн намуданд”.Дар даври аввал 15 январ мунтахаби олимпии Тоҷикистон тими олимпии Эронро бо ҳисоби 2:1, Қатар дастаи Кувайтро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буданд.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Муҳаммаҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 86), Шарафҷон Солеҳов, Далер Едгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.