18.01.2019
: 1082
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол 19 январ ба Белорус сафар мекунад ва дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” ширкат менамояд.
Мунтахаби наврасони кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимиро дар шаҳри Душанбе гузаронида, 16 январ бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ доир кард, ки бо ҳисоби 5:1 бар суди футболбозони пойтахт анҷом ёфт. “Истиқлол” моҳи феврал маротибаи аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2019 ширкат менамояд.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гашт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Комрон Турсунов ду гол, легионери сербиягӣ Урош Томович ва Аҳтам Назаров якголӣ заданд. Як голи дигарро мунтахаби наврасон худашон ба дарвозаашон ворид намуданд. Автогол ба номи Амадонӣ Камолов сабт шуд. Голи мунтахаби наврасонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Дар 15-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019”, ки аз 20 то 28 январ дар Минск баргузор мешавад, тими наврасони мо дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои наврасони Белорус (20 январ), Белгия (22 январ) ва Финландия (24 январ) бозӣ мекунад.