11.01.2019
: 1340
8-10 январ дар шаҳри Турсунзода бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногунии билогӣ” семинари омӯзишӣ доир гардид.
Ба семинар 20 нафар - 10 бону, 10 мард аз ҳисоби варзишгарон, муррабиён, мутахассисони соҳа ва кормандони МҶМОВ-и шаҳри Турсунзода ҷалб гардида, донишҳои худро дар мавзӯи баробарии гендерӣ дар варзиш пурра намуданд.
Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”, “Сиёсати Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи баробарии гендерӣ-гуногунии биологӣ дар варзиш”, “Аҳамияти баробарии гендерӣ дар варзиш”, “Дастовардҳои варзишии бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ”, “Пешгирии тафовути ҷинсӣ дар варзиш”, “Ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарӣ”, “Васеъ гаштани инфрасохтор ва хадамоти иҷтимоии занон” ва ғайра давоми се рӯз маърӯза хонданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавқеи бонувон дар ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад. Хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 26 декабри соли 2018, аз ҷумла қайд карданд: “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил доданд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.
Дар идомаи семинар гуфта шуд, ки агар солҳои пеш духтарон барои тамрин ҷой намеёфтанд, аммо имрӯз тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бонувони мо бе мамониат метавонанд ба варзиш ва барои ҳифзи саломатӣ ба тарбияи бадан машғул шаванд. Хушбахтона, сафи варзишгарон аз ҳисоби бонувон сол то сол меафзояд. Имсол бори аввал бонувони қайиқрони тоҷик дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон иштирок ва соҳиби медал гаштанд. Умуман, аз 76 нафар варзишгар, ки сазовори Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 гардиданд, 8 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Қайд гардид, ки имрӯз Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба баробарии гендерӣ дар варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Иштирокчиёни Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина-2018 миёни писарону духтарон баробар буд. Қаблан чунин баробарӣ дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ-2014 ба қайд гирифта шуда буд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ талош дорад, баробариро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад федератсияҳои байналмилалӣ уҳдадор шудаанд, ки қувваозмоиҳоро миёни бонувону мардон баробар кунанд.
Гуфта шуд, ки дар Аврупо зимни як назарпурсӣ 81% занон посух додаанд, ки дар наврасӣ ва ҷавонӣ ба варзиш машғул будаанд. 69% гуфтаанд, ки варзиш дар рушди малакаҳои роҳбарикунандаи онҳо кӯмак кардааст. 14% заноне, ки дар наврасӣ варзиш мекунанд, дар муқоиса бо ҳамтоёни худ музди меҳнати зиёдтар мегиранд.
Дар баробари маърӯзаҳо иштирокчиёни семинар ба машғулиятҳои амалӣ низ ҷалб шуданд. Онҳо дар гурӯҳҳо дар мавзӯъҳои "Барои ҷалби бештари бонувон ба варзиш чӣ бояд кард?", “Бонувон бештар ба кадом намуди варзиш таваҷҷуҳ доранд?" ва ғайра кор карданд.
Дар рафти семинар аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо шуд: варзишгарон, хусусан бонувони варзишгар табиби махсус дошта бошанд; дар мактабҳои варзишӣ табибони касбӣ фаъолият кунанд; чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, мисли марафон бештар доир карда шаванд; тавассути видео-роликҳо бонувони варзишгар, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфуз таблиғ карда шаванд.
Иштирокчиёни семинар дар анҷом соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардиданд.