Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони мактабҳои варзишӣ

Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони мактабҳои варзишӣ Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони мактабҳои варзишӣ Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони мактабҳои варзишӣ Роҳ ба сӯи Токио. Ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарони мактабҳои варзишӣ

04.01.2019

: 1525

Барои самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати омода кардани варзишгарон барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мактабҳои ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ низ вазифадор шуданд.

Пас аз таҳлили вазъи соҳа масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ ба хулоса омаданд, ки барои омодагии варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар баробари федератсияҳои варзишӣ мактабҳои ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ низ масъул бошанд.
Дар робита ба ин, 4 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо, масъулини соҳа ва директорони мактабҳои варзишӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор шуд.
Қайд гардид, ки бо дарназардошти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш мо – масъулони соҳа бояд тамоми кӯшишамонро бар он равона кунем, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мунтазам иштирок намоянд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош кунанд. Барои ин ҳар як мактаби варзишӣ бояд вазъиятро таҳлил карда, беҳтарин варзишгаронро интихоб намоянд, нақшаи мушаххаси омодагии ҳар варзишгарро дар алоҳидагӣ тартиб диҳанд ва дар асоси он фаъолияташонро ба роҳ монанд.
Директорони мактабҳои варзишӣ бо намунаи нақшаи кор ва системаи интихобии олимпии намудҳои варзиш, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзишӣ тасдиқ гардидааст, ошно гардиданд.