13.11.2018
: 1260
3 бонуи муштзани тоҷик дар чемпионати ҷаҳон-2018 миёни бонувон иштирок менамоянд.
Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон аз 15 то 24 ноябри соли равон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад. Ҳудуди 350 варзишгардухтари ин намуди варзиш аз 73 давлати ҷаҳон барои 10 маҷмӯи медал дар категорияҳои вазнии -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг ва +81кг мубориза мебаранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 3 варзишгар – Миҷгона Самадова (вазни -57кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг) ва Гулмира Исроилова (-75кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин сафар мураббиён Ҷамшед Султонов ва Носирҷон Азимов ҳамроҳӣ менамоянд.