11.11.2018
: 1294
Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия ҷараён дорад, варзишгарони мо сазовори се медали биринҷӣ шуданд.
Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳо дар вазнҳои -52кг, -64кг, -80кг миёни бонувон, -57кг, -74кг, -100кг миёни мардон ва -62, -82, +100 дар самбои размӣ ҷараён гирифт.
Варзишгарони мо Акмалиддин Каримов дар вазни -57, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар рӯзи аввал 4 варзишгари тоҷик – Ҷомии Ҳасан (-52кг), Мустафо Ҳасанов (-68кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар самбои варзишӣ ва Беҳрӯз Зуҳуров (-74кг) дар самбои размӣ аз медалҳо бенасиб монданд.
Имрӯз 4 варзишгари мо – Хушқадам Хусравов (-62кг), Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд.
АКМАЛИДДИН КАРИМОВ
БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА
СОРБОН ЛАТИФОВ