07.11.2018
: 2827
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи ҳафтум қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
“Истиқлол” бо 48 хол то анҷоми чемпионат ҷои аввалро ишғол кард ва барои дастаи “Хуҷанд”, ки медалҳои нуқраро соҳиб шуд, дастнорас монд. Медалҳои биринҷӣ насиби тими “Куктош” гардид.
Имрӯз – 7 ноябр бозиҳои даври 20-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. “Истиқлол” дар майдони худ аз тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. “Панҷшер” бар тими “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:1, “Хатлон” бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, “Куктош” аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
Мавқеи дастаҳои дар ҷадвали чемпионат:
ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 20 | 15 | 3 | 2 | 34-16 | 48 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 20 | 13 | 4 | 3 | 39-19 | 43 |
3 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 20 | 9 | 3 | 8 | 30-29 | 30 |
4 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 20 | 7 | 4 | 9 | 25-26 | 25 |
5 | "Хатлон" (Бохтар) | 20 | 7 | 3 | 10 | 24-26 | 24 |
6 | КМВА "Помир" (Душанбе) | 20 | 5 | 8 | 7 | 21-30 | 23 |
7 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 20 | 4 | 6 | 10 | 16-27 | 18 |
8 | "Барқчӣ" (Ҳисор) | 20 | 4 | 1 | 15 | 16-32 | 13 |