15.10.2018
: 1381
12-14 октябр дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар – Анушервон Шарифзода (-48кг), Саидраҳмон Абдуллоев (-60кг), Разавӣ Навбаҳоров (-65кг), Шердил Алмосов (-75кг) миёни наврасон, Аминҷон Холов (-48кг), Сомон Сангов (-52кг), Олим Назриев (-62кг), Субҳон Юсуфов (-68кг), Амирҷони Насимҷон (-100кг) ва Шарифҷон Назриев (+100кг) миёни ҷавонон муаррифӣ намуданд.
Медалҳои биринҷиро Аминҷон Холов дар вазни -48 кг ва Сомон Сангов дар вазни -52кг миёни ҷавонон ба даст оварданд.
Дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз 36 кишвари дунё иштирок карданд.
Дар акс Сомон Сангов