07.10.2018
: 1384
Имрӯз – 7 октябр дар Буэнос Айреси Аргентина оташи III Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон рӯшан шуд. Ин амалро дар вазъи тантанавӣ варзишгарони аргентинӣ Педро Ибарра (чавгонбозӣ) ва Сесилия Каранса (заврақронӣ) иҷро карданд, Президенти Аргентина Маурисио Макрӣ бошад, бозиҳоро кушода эълон кард.
Бори аввал дар таърих маросими ифтитоҳи Бозиҳои муосири олимпӣ на дар варзишгоҳ, балки дар хиёбон доир гашт ва 200 000 нафар шоҳиди шоу барномаи бозиҳо шуданд.
Оташи олимпӣ то 18 октябр дар яке аз ҷозибаҳои пойтахти Аргентина – Обелиск, ки соли 1936 ба муносибати 400-солагии таъсисёбии шаҳр сохта шудааст, шуълавар мемонад. Зимни маросим дар бинои ёдгорӣ, ки 67 метр баландӣ дорад, тавассути технологияи нав, ба таври мултимедиявӣ варзиш, таъриху фарҳанги Аргентина намоиш дода шуд.
Паради варзишгарон низ ба таври дигар сурат гирифт. Дар оғоз ҳамаи дастаҳо дӯстона вориди базмгоҳ шуданд, баъдан парчамбардорон вориди саҳна шуда, давлатҳоро муаррифӣ намуданд. Парчами Тоҷикистонро барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо-2018, ғолиби чандкаратаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо Сулаймони Ҷамшед вориди макони маросим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар III Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон 3 варзишгари Тоҷикистон дар 3 намуди варзиш иштирок мекунанд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ).
Барои медалҳои Бозиҳои Буэнос Айрес 4012 варзишгар аз 206 давлат талош мекунанд. Бори аввал дар таърихи олимпиада шумораи иштирокчиён миёни мардону бонувон баробар аст.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар баромадаш гуфт: “Барои то ин ҷо омадан ҳар яки Шумо тамрин ва дар мусобиқаҳо иштирок кардед. Тамоми имкониятатонро барои шуғле, ки дӯст медоред, сарф намудед. Барои ҳамин саворед, ки дар ин бозиҳо иштирок кунед. Мо аз ҳар гӯшаи олам бо фарҳангҳои гуногун ин ҷо ҷамъ омадем, аммо ҳамаи моро арзишҳои олимпӣ, дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам меорад”.