Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Имзои санади ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон

Имзои санади ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон Имзои санади ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон Имзои санади ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон

06.10.2018

: 2222

5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дафтари Сарвазири Ҷопон баргузор шуд.

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Ҷопон, муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.
Таъкид гардид, ки Ҷопон дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем.
Ҳамсон ва наздик будани мавқеи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии Ҷопон аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон, қабули Изҳороти якҷоя оид ба дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон ва дигар омилҳо ба рушду густариши муносибатҳои кишварҳо саҳм гузоштанд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон бо маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.
Таҷдиди роҳи мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ намунаи олии ҳамкории ду давлат буда, ҷавобгӯи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) ва Муколамаи “Ҷопон + Осиёи Марказӣ” барои таҳкими ҳамкорӣ махсус қайд гардид.
Таъкид шуд, ки аз руи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории техникӣ-гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи Ҷопон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ, табодули андеша карданд.
Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истеҳсоли неруи барқ ва дигар манбаъҳо, тарҳрезии барномаи муштараки дарозмуҳлат оид ба азхудкунии иқтидори азими гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ, интиқоли неруи тозаи барқ ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фармасевтика аз самтҳои ояндадори ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.
Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ ҳавасмандии ҳамкории доираҳои соҳибкории Ҷопон барои ҷорӣ кардани тиҷорат дар Тоҷикистон маънидод гардид. Намунаи олии ин ҳамкорӣ фаъолияти пурсамари корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ аз он мебошад.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконоти фарохро муҳайё кардааст.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори фарҳангӣ-гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмии ду кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Ҷопон ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амниятӣ аз саҳми назарраси ҷониби Ҷопон барои таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос карда шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҷопон бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Нахуст зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон, муҳтарам Синдзо Абэ имзо карданд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расид:
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2019-2021;
- Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);
- Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;
- Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷопон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Ҷопон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷопон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо барои доираи васеи хабарнигорон нишасти мабтуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳии олии дуҷонибаро натиҷагирӣ карданд.