03.10.2018
: 1363
Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар, аз ҷумла 3 варзишгар ҷиҳати иштирок дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон ба Буэнос Айрес сафар мекунад.
Ҳайати шаби 3 ба 4 октябр аз Душанбе сафар карда, тавассути шаҳри Истанбули Туркия ба маҳалли бозиҳо – шаҳри Буэнос Айреси Аргентина мерасад.
Ба ҳайати Тоҷикистон варзишгарон – Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ), мураббиён Ҳамзаалӣ Раҳматов, Олег Набиев, Ориф Ҷӯраев, роҳбари ҳайат - мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, волонтёр – сафири ҷавони Тоҷикистон дар бозиҳо Амирҷон Урунов дохиланд. Ҳамчунин, мудири Бахши коргузорӣ ва таҳлилу иттилоот Баҳрулло Муқимов дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштирок мекунад. Дар ҷаласа мизбони 4-ум Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон интихоб карда мешавад. Қаблан қарор шуда буд, ки Бозиҳои олимпии наврасон соли 2022 дар қораи Африқо доир хоҳад шуд.
Маросими кушодашавии 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон 6 октябр баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш – аспсаворӣ, бадминтон, баскетбол 3х3, бокс, вазбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, волейболи соҳилӣ, гимнастика, голф, гуштин, дзюдо, заврақронӣ, камонварӣ, каратэ, қайиқронии академӣ, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, панҷҳарбаи муосир, рақси варзишӣ, регбӣ 7, сеҳарба, таеквондо, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, футзал, ҳандболи соҳилӣ, чавгонбозӣ, чархакбозӣ, шамшербозӣ, шиноварӣ, шӯхпаймоӣ ворид карда шудааст. Наздики 4000 варзишгари 15 то 18-сола аз 206 давлати ҷаҳон (3 варзишгар аз Тоҷикистон) барои 241 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
Мусобиқаи дзюдо 7-10 октябр доир мегардад. Варзишгари навраси тоҷик Сулаймони Ҷамшед 7 октябр дар вазни 66 кило гуштин мегирад. Бежан Файзуллоев дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр 10 октябр вориди рақобат мешавад. Анастасия Тюрина 11-12 октябр дар ду қувваозмоӣ – шиноварӣ ба масфаи 50 метр, тарзи парвона ва 50 метр, тарзи озод иштирок мекунад. Маросими пӯшидашавии бозиҳо 18 октябр ба нақша гирифта шудааст.