27.09.2018
: 1466
20 сентябри соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон 32-юм Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо шурӯъ шуд, ки имрӯз – 27 сентябр бо қувваозмоиҳои даставӣ ба анҷом мерасад.
Дар мусобиқа 755 варзишгар (458 мард, 297 зан) аз 124 кишвар барои медалҳо мубориза бурданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 9 варзишгар иштирок карда, сазовори ду ҷои ифтихории ҳафтум шуданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставии қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни 124 кишвар ҷои 34-умро ишғол кард.
Дар рӯзи аввал паҳлавонони вазни -60 кг рӯи гилем баромаданд. Гуштингири тоҷик Суҳроб Боқиев дар рақобати аввал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ин Ҳйук Чоӣ шикаст хурд. Дар ин вазн Наоҳиса Такатои ҷопонӣ ғолиб шуд. Ӯ дар финал варзишгари Русия Роберт Мшвидобадзеро шикаст дод. Медалҳои биринҷӣ насиби Амиран Папинашвилии гурҷӣ ва Рйуҷӣ Нагайамаи ҷопонӣ гардид.
Дар вазни -66 кг ҷумҳурии моро ду варзишгар – Ёқубҷон Боқиев ва Наврӯз Каримзода намояндагӣ карданд. Наврӯз дар рақобати аввал аз варзишгари Перу Ҷуан Пастигос мағлуб шуд. Ёқубҷон дар даври аввал бар варзишгари Малта Ҷереми Сайвелл ғалаба кард, вале дар даври дуюм аз намояндаи Миср Аҳмад Абилраҳман шикаст хурд. Дар ин вазн низ варзишгари Ҷопон Ҳифуми Абе қаҳрамон шуд. Ҷои дуюм насиби варзишгари Қазоқистон Ерлан Серикҷонов, ҷойҳои сеюм насиби Баул Ан аз Кореяи Ҷанубӣ ва Георгий Зантараиа аз Украина гардид.
Дар вазни -73 кг низ ду варзишгари мо гуштин гирифтанд. Беҳрӯз Хоҷазода баъд аз се ғалаба бар намояндаҳои Буркина Фасо (Лукас Диалло), Австралия (Калвин Кноестер), Лаҳистон (Мичал Бартусик), дар даври чорум аз варзишгари мизбон, қаҳрамони Аврупо-2017 Ҳидоят Ҳайдаров дар вақти иловагӣ мағлуб шуда, ҷои нуҳумро ишғол кард. Варзишгари дигари мо Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Узбекистон Ғиёс Бобоев пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Муғулистон Тсогбаатар Тсенд Очир дар вақти иловагӣ мағлуб гардид. Дар ин вазн варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Чангрим Ан баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Ҷопон Соичи Ҳашимото ғолиб шуд. Медалҳои биринҷиро Муҳаммад Муҳаммадии эронӣ ва Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ ба даст оварданд.
Дар вазни -81 кг Акмал Муродов қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари Лубнон Стивен Азар ва намояндаи Аргентина Эмануел Лусентӣ дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Белгия Маттҳиас Кассе мағлуб шуда, ҷои нуҳумро ишғол кард. Дар ин вазн Саид Муллоии эронӣ пирӯз гардид. Ӯ дар финал варзишгари Ҷопон Сотаро Фуҷивараро мағлуб кард. Медалҳои биринҷӣ насиби Александер Виекзерзаки олмонӣ ва Ведат Албайараки туркиягӣ шуд.
Дар вазни -90 кг Комроншоҳ Устопириён гуштин гирифта, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгарони Перу (Юта Галаррета Виллар), Швейтсария (Кирил Гроссклаус), Словакия (Пётр Зилка) ғалаба карда, дар чорякфинал аз намояндаи Фаронса Алекс Клергет мағлуб шуд. Комроншоҳ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш аз Кента Нагасаваи ҷопонӣ, ки сазовори медали биринҷӣ шуд, шикаст хурд. Николс Шеразадишвилӣ аз Испания дар финал бар намояндаи Куба Силва Моралес ғолиб омада, қаҳрамон шуд. Медали дигари биринҷӣ насиби Алекс Клергет гардид.
Дар вазни -100 кг паҳлавонони мо иштирок накарданд. Дар ин вазн Гуам Чо аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб шуд. Медали нуқраро Варлам Липартелианӣ аз Гурҷистон, медалҳои биринҷиро Ниёз Илёсов аз Руссия ва Отгонл Лхагвасурен аз Муғулистон ба даст оварданд.
Дар вазни +100 кг низ ду варзишгари мо қувва озмуданд. Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал озод буд, вале дар даври дуюм аз Якив Хаммои украинӣ шикаст хӯрд. Темур Раҳимов дар ин вазн ҷои ҳафтумро ишғол намуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Фредди Фигуероа аз Эквадор, Ҷавод Маҳҷуб аз Эрон, Йусей Огава аз Ҷопон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Бекмурод Олтибоев ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз қаҳрамони Аврупо-2017 Лукас Крпалеки чехӣ мағлуб гардид. Дар вазни вазнин Гурам Тушишвилӣ аз Гурҷистон ғолиб шуд. Варзишгари мизбон Ушангӣ Кокаурӣ медали нуқра, Ҳисайоши Ҳарасава аз Ҷопон ва Дууренбай Улзибайар аз Муғулистон медалҳои биринҷиро сазовор гаштанд.
Ҳамин тариқ, рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон ва бонувон ба анҷом расид. Ҷопон бо 7 медали тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 2 медали тилло, як биринҷӣ дар ҷои дуюм, Фаронса бо 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дар зинаи сеюм қарор доранд. Тоҷикистон бо ду ҷои ҳафтум дар зинаи 34 (миёни мардон ҷои 22) мавқеъ гирифт. Умуман, варзишгарони 7 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, варзишгарони 22 давлат соҳиби медал гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.