Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: “Истиқлол” ба садри ҷадвал баромад

24.09.2018

: 1760

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марказии даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуда, ба садри ҷадвали чемпионат баромад.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Шериддин Бобоев дар дақиқаи 66-ум ба ҳадаф расонд.
Дастаи КМВА “Помир” дар бозии хонагӣ аз дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Голҳоро Бахтиёр Қаландаров ва Амирҷон Сафаров заданд.
“Барқчӣ” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати тими Ҳисор Нуриддин Ҳамроқулов ва Далер Ёдгоров ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигар дастаи “Куктош” дар майдони худ ба дарвозаи “Панҷшер” 2 голи беҷавоб зад.

 Дар даври 19-ум вомехуранд:
26 сентябр (чоршанбе)
«Панҷшер» – «Истиқлол»
«Барқчӣ» – «Куктош»

29 сентябр (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

30 сентябр (якшанбе)
«Хуҷанд» – КМВА «Помир»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали чемпионат:

 ҶОЙ   ДАСТАҲО   Б   Ғ   Б   М   Т/Т   Х 
 1  "Истиқлол" (Душанбе)   18   14   3  1  32-15   45 
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  18  13  3  2  37-15  42
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  18  8  3  7  26-26  27
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)   18  6  4  8  23-23  22
 5  КМВА "Помир" (Душанбе)  18  4  7  7  20-30  19
 6  "Хатлон" (Бохтар)  18  5  3  10   18-24  18
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)    18  3  6  9  14-24  15
 8  "Барқчӣ" (Ҳисор)  18  4  1  13  14-27  13