Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ҷамъбаст гардид

11.09.2018

: 1190

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.

Соли равон низ дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ марҳилаҳои якуму дуюми фестивал дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо баргузор гардида, марҳилаи ниҳоии он 10 сентябр ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир шуд.
Фестивал дорои фарҳангу тамаддуни ғании варзишҳои суннатии мардуми ориёнажод буда, он доираи васеи ҳаводорони варзишҳои миллӣ, алалхусус гуштини ниёгонамонро ба ҳам овард. Бо мақсади рушду эҳёи варзишҳои суннатӣ ва арҷгузорӣ ба намудҳои миллии варзиш намудҳои варзиши мусобиқавӣ ва 10 риштаи варзиши суннатӣ ба таври намоишӣ пешниҳод гардид, ки фарҳангу тамаддун ва анъанаи поси ниёгони моро дар самти варзиш таҷассум намуданд.
Сипас, рақобати паҳлавонон дар намуди маъмули барномаи фестивал - гуштини миллӣ сурат гирифт. Баъд аз рақобатҳои ҷолибу диданӣ ғолибон ба таври зайл муайян шуданд: дар вазни -60 кило Муҳаммад Баротов аз дастаи Хатлон-1, дар вазни -65 кг Ёқубҷон Боқиев аз ВМКБ, дар вазни -70 кило Муҳаммадраҳим Сарахонов аз дастаи Душанбе-1, дар вазни -80 кило Ҳамроз Раҷабов аз вилояти Суғд, дар вазни -90 кг Ҳоҷимашраб Раҳмонов аз дастаи Душанбе-1, дар вазни -100 кг Ғазалшои Давлатшо аз дастаи Душанбе-2, дар вазни +100 Нурулло Неъматов аз дастаи ШНТМ.
Дар ҳайати даставӣ мақоми аввал насиби дастаи Душанбе-2 гардид. Ҷойи дуюмро варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, зинаи сеюмро паҳлавонони дастаи Душанбе-1 ишғол карданд.
Ғолибони зинаи аввал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ҷои дуюм бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 1500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.