07.09.2018
: 1211
Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар I мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои дарёфти Ҷоми Президенти Узбекистон сазовори медали биринҷӣ шуд.
Мусобиқа 6 сентябр дар шаҳри Тошканд миёни мардон дар вазни мутлақ сурат гирифт. Барои ҷоизаҳо варзишгарон аз 40 давлат талош карданд.
Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Варзишгари дигари мизбон Бекмурод Олтибоев ҷои дуюм, Темур Раҳимов аз Тоҷикистон ва Аслан Камбиев аз Руссия ду ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Фонди ҷоизавии аввалин Ҷоми Президенти Узбекистон оид ба кураш 100000 долларри ИМА-ро ташкил медод. Ба ғолиб 50000 доллар, барои ҷои дуюм 25000 доллар, барои ҷои сеюм 10000 доллари ИМА тақдим гардид. Ҳамчунин, варзишгароне, ки ҷойҳои аз 5 то 8-умро ишғол карданд, сазовори 1250-долларӣ шуданд.