05.09.2018
: 1511
Шаби 5 сентябр охирин гурӯҳи варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни Бозиҳои Осиё-2018 ба Ватан баргаштанд.
Миёни варзишгарон, аз ҷумла барандагони медалҳои нуқраи бозиҳо, варзишгарони маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов ва Умед Ҳасанбеков низ буданд. Шаҳриёр дар мусобиқаи қайиқронӣ дар байдаркаи якнафара дар масофаи 1000 метр, Умед дар мусобиқаи самбо, вазни -90 кг дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардиданд.
Варзишгарон зимни суҳбат барои дастгирӣ ва муҳайё кардани шароити тамрин ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, гуфтанд, барои муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам талош мекунанд.
Умед Ҳасанбеков акнун ба Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Шаҳриёр Даминов барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 талош мекунад.