31.08.2018
: 1230
Дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд миёни барандаи медали нуқраи чемпионати футзали Тоҷикистон “Сипар”-и Хуҷанд ва қаҳрамони Қирғизистон “Ерем”-и Ош бозии рафиқона баргузор шуд.
Бозӣ хеле диданӣ сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи Тоҷикистон ба анҷом расид – 4:1. Голҳоро дар ҳайати “Сипар” Иқбол Воситзода, Файзиддин Қурбонов, Умед Қузиев ва Дилшод Саломов заданд. Дар ҳайати “Ерем” голи ягонаро Достон Қодиров ба номаш сабт кард.
Имрӯз – 31 август – дастаҳо боз ҳам бо ҳам вомехуранд. Ин дидор низ дар “Қасри варзиш” баргузор ва соати 17:00 оғоз мегардад.