28.08.2018
: 1502
Дар Корти тенниси шаҳри Душанбе IX Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки 23-27 август доир гашт, 96 варзишгар аз 9 давлат - ШМА, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Руссия, Узбекистон, Украина ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Миёни писарон ҷои аввалро Шодмон Қурбонов ишғол кард. Ӯ дар финал бо натиҷаи 7:6, 7:6, 6:2 Исом Шарифовро шикаст дод. Аминҷон Абдуллоев ҷои сеюмро сазовор гашт.
Миёни духтарон теннисбози рақами яки кишвар Анастасия Турсунова пирӯз шуд. Анастасия дар финал бар Наргиза Яҳёева бо натиҷаи 6:4, 6:4 ғалаба кард. Мақоми сеюмро дастпарвари мактаби тенниси шаҳри Кӯлоб Диана Иванихина ишғол намуд.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ низ дар финал варзишгарони Тоҷикистон дида шуданд. Ҷуфти Бахтиёр Исроилов/Хушбахт Каримов дар финал бар ҷуфти Шодмон Қурбонов/Исам Шарифов бо натиҷаи 7:6, 7:6 ғалаба кард. Ҷуфти Абдуллоев Аминҷон/Мирзоев Мансур сазовори ҷои сеюм шуд.
Миёни духтарон ҷуфти байналмилалии Анастасия Турсунова (Тоҷикистон)/Полина Кристалович (Узбекистон) беҳтарин буданд. Ин ҷуфт дар финал ҷуфти Мария Никитюк (Украина)/Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон) бо натиҷаи 6:3, 6:3 шикаст дод. Ҷуфти Иванихина Диана, Тухтаева Сумайя дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Ғолибон бо 1000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 800 доллар ва барои ҷои сеюм 500 доллар ҷоиза гирифтанд. Дар рақобатҳои ҷуфтӣ ин маблағҳо миёни ду нафар тақсим карда шуд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам иштирок карда, ғолибонро таҳният гуфт. Қайд гардид, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли нуҳум аст, дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷа баргузор мегардад. Теннис миёни дӯстдорони варзиши тоҷик шуҳрати калон дошта, баҳри рушду ташаккули минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд. Ба ғайр аз ин мусобиқа ду сол боз Тоҷикистон мизбони мусобиқаҳои баналмилалии “Tajikistan Open” оид ба теннис гардидааст.
Дар анҷом ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.