20.08.2018
: 1249
19 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳои оид ба баскетбол, волейболи соҳилӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, гуштин ва ушу доир гардиданд.
Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши гуштин, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд. Дар гуштини озод 5 варзишгари мо вориди рақобат шуданд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов аз намояндаи Муғулистон, дар вазни 86 кг Баҳодур Қодиров аз варзишгари Қазоқистон дар рақобати аввал шикаст хурданд. Дар вазни 65 кг Абдулқосим Файзиев дар рақобати аввал бар варзишгари Тайланд бо ҳисоби 12:2, дар вазни 74 кг Гамид Ҷалилов бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба карда, вале дар рақобати дуюм мутаносибан аз варзишгарони Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардиданд. Искандари Рустам дар вазни 97 кг бо сабаби нотобӣ натавонист гуштин бигирад.
Дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта Тоҷикистон ҷои 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷои 21-умро ишғол намуд.
Дар намуди ушу ягона варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи аавали баъд аз маросими расмии кушодашавии бозиҳо варзишгарони 17 кишвар соҳиби медал шуданд ва варзишгарони 9 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медал (7 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ), Ҷопон бо 14 медал (3-6-5), Кореяи Ҷанубӣ бо 11 медал (2-3-6) дар се ҷои аввал қарор доранд.
Имрӯз – 20 август – варзишгарони мо дар намудҳои футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таеквондо, гуштини озод барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.