16.08.2018
: 1707
Имрӯз – 16 август – нимаи дуюми рӯз дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта – мизбони 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё - маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Эркин Латипов – директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, намояндаи шаҳраки олимпии Ҷакарта Йуни Картика ва варзишгарони тоҷик иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштин, таеквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад. То имрӯз дастаи футболи бонувон, варзишгарон аз намудҳои таеквондо, гуштин, вазнбардорӣ ва тирандозӣ ба маҳали бозиҳо расиданд.