Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон

10.08.2018

: 1683

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода, масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, собиқадорони соҳа ва варзишгарон Рӯзи варзишгарон таҷлил шуд.



Аҳтам Абдуллозода, зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи варзишгарон дар ҳамаи 68 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ таҷлил мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва сол то сол дастовардҳои варзишгарону мураббиёни тоҷик меафзояд. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд.



Қайд гардид, ки ҳар чи мо дар ин соҳа ноил гардидем, дастоварди замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст. Варзишгарони тоҷик то Истиқлолияти давлатӣ аз набудани комплексу толорҳои варзишии замонавӣ танқисӣ мекашиданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ имрӯз дар кишвар 9317 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмааи варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд.
“Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин рӯзи пурфараҳ аз номи кулли варзишгарони саодатманди диёр мехостам миннатдории самимонаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намоям, ки дар рушди варзиши кишвар ва дастгирии варзишгарони номбардори миллат нақши калидӣ гузошта, пайваста зери ҳидоят ва ғамхории падаронаи хеш роҳнамоӣ менамоянд”, - иброз дошт А. Абдуллозода.
Дар идома зикр шуд, ки имсол моро Бозиҳои тобистонаи Осиё ва Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон интизор аст, ки дар ин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони кишвар Ватани маҳбубамонро муаррифӣ мекунанд. Бовари том дорем, ки шумо – варзишгарону устодони соҳа барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи ҷаҳон ҳамеша ҷаҳду талош менамоед.



Шамсулло Соҳибов низ дар навбати худ устодону мураббиён ва варзишгаронро бо Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, изҳор дошт, ки варзишгарон дар ҳар давру замон зери таваҷҷуҳ ҳастанд ва ҳам аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳам сарпарастон дастгирӣ меёбанд. Баъд аз чанд рӯз дар давлати Индонезия Бозиҳои Осиё шурӯъ мегардад, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати беш аз 100 нафар сафарбар мегарданд.
Қайд гардид, ки соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт, ки дар се сол 59 варзишгар сазовори ин ҷоиза шуданд. Бисёри кишварҳо чунин ҷоизаро танҳо ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ тақдим мекунанд, аммо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нигаронида шудааст.


   
Дар чорабинӣ намояндагони собиқадорон баромад карда, аз рушди варзиш дар кишвар ва дастгирию таваҷҷуҳ нисбат ба варзишгарону собиқадорони соҳа изҳори хушнудӣ карданд. Аз ҷумла, С. Баҳриддинов гуфт, ки федератсияҳои варзишӣ то чанд соли пеш утоқи корӣ надоштандва муҳрашон дар ҷузвдони раиси федератсияҳо нигоҳ дошта мешуд. Хушбахтона имрӯз барои фаъолияти федератсияҳои варзишӣ дар Кумитаи миллии олимпӣ шароит фароҳам оварда шудааст, ки сабаби рушди беҳтари соҳа хоҳад гашт.
Пешниҳод шуд, ки маҳфили собиқадорони соҳаи варзиш ташкил шуда, гоҳ-гоҳ ҷамъ омада, дар бартараф кардани мушкилоти соҳа ба масъулини ҷавон маслиҳатҳо диҳанд.



Варзишгари ҷавон Ҷаҳонгир Маҷидов муроҷиатномаи варзишгарони кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳатрам Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард:
“Боиси ифтихормандӣ ва шарафмандии мо – варзишгарон аст, ки таҳти ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толорҳои барҳавои замонавӣ машқу тамрин менамоем ва аз шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ самаранок истифода менамоем.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯз варзишгарон дар қатори ҳазорон шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми муносиб мегузоранд.
Варзишгарони тоҷик бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани Парчами Тоҷикистони азиз талош менамоянд”.



4 нафар (Одинаев Нуралӣ, Миров Умаралӣ, Зикаев Зайдулло, Айниддини Аслиддин) бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва 4 нафар (Набиев Зоҳирҷон, Малахбеков Назаралӣ, Назарзода Наврӯз, Фозилов Далер) бо унвони Мураббии шоистаи тарбияи ҷисмонӣ сарфароз гардиданд. Ба як қатор варзишгарон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.