Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон дар БОН-2018 ва Бозиҳои Осиё-2018 ширкат мекунад

Тоҷикистон дар БОН-2018 ва Бозиҳои Осиё-2018 ширкат мекунад Тоҷикистон дар БОН-2018 ва Бозиҳои Осиё-2018 ширкат мекунад

01.08.2018

: 2047

Тоҷикистон соли равон дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 ва Бозиҳои Осиё-2018 иштирок мекунад.

Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки ба 3-юм Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина баргузор мешавад, 2 варзишгари тоҷик – Сулаймони Ҷамшед аз намуди дзюдо ва Бежан Файзуллоев аз намуди тирандозӣ роҳхат ба даст оварданд. Дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар давлати Индонезия бошад, Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар ширкат мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки варзишгари умедбахши тоҷик Сулаймони Ҷамшед соли равон дар се мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон медали тилло ва дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон медали нуқра ба даст овард ва дар рейтинги ҷаҳонӣ ва олимпӣ дар вазни -60 кг бо 420 хол дар ҷои аввал аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 102 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ ва 93 майдончаи варзишӣ бо харҷи зиёда аз 53 463 260 сохта ба истифода дода шудааст.
Бо мақсади муаррифии кишвари азизамон 216 нафар варзишгари дастаҳои мунтахаб, аз ҷумла 18 бону ба 49 мусобиқаи байналмилалӣ бо харҷи 863675 сомонӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 105 медал, аз ҷумла 36 медали тилло, 21 нуқра ва 48 биринҷӣ ворид намуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ 5 чорабинии байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла санаи 21 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ Душанбе-2018 бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Кения, Эфиопия, Олмон, Русия, ИМА, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Британияи Кабир, Шведсия, Канада, Зеландияи Нав, Белгия ва Малайзия, рӯзҳои 9-18 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни духтарон бо Австралия, ИМА, Ҳиндустон, Зеландияи Нав, Лаҳистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Руссия ва Тоҷикистон, рӯзҳои 9-15 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасони то 14-сола бо иштироки намояндагони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркменистон, Ҳонгконг ва Тоҷикистон ва рӯзҳои 28-30 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бо иштироки варзишгарон аз Белорус, Руссия, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд.
Бо мақсади рушди Ҳаракати олимпӣ ва дар фазои мутантани идона таҷлил намудани Рӯзи олимпӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 23 июни соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар 409 мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ доир намуд, ки дар чорабиниҳои мазкур тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, калонсолону кӯҳансолон бо рӯҳияи баланди варзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.