13.07.2018
: 1795
Таеквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишгоҳӣ дар шаҳри Поҳанги Кореяи Ҷанубӣ 3 медал ба даст оварданд.
Мусобиқа 10 июл оғоз гардида, то 15 июл идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқаи бонуфуз 3 варзишгар – Моҳру Ҳалимова, Муниса Исматова ва Шаҳризода Ҷабборова иштирок карда, 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) ба даст оварданд.
Тавре аз Федератсияи таеквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон хабар доданд, Моҳру Ҳалимова дар вазни +73 кг ва Муниса Исматова дар вазни -57 кг ғолиб шуданд. Моҳру мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари Индонезия бо ҳисоби 8:5 ва дар финал бар варзишгари Непал бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард.
Муниса низ, дар даври нимфинал варзишгари Комбоҷаро бо ҳисоби 18:5 ва дар финал варзишгари мизбонро бо ҳисоби 23:3 шикаст дод.
Шаҳризода Ҷаборова дар вазни -53 кг ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ бар варзишгари мизбон бо ҳисоби 7:5 ғолиб омад, аммо дар финал аз намояндаи Инденизия бо ҳисоби 14:9 мағлуб гардид.