09.07.2018
: 1673
6-8 июли соли равон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳраки Ғарм давраи омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Раштро баргузор кард.
Дар давраи омӯзишӣ 20 нафар масъулони мактабҳои варзишӣ, мураббиёну кормандони соҳа, аз ҷумла 8 нафар зан иштирок карда, давоми се рӯз дар мавзӯъҳои “Аз таърихи Бозиҳои олимпӣ”, “Қонунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистон”, “Асосҳои Ҳаракати олимпӣ ва Бозиҳои олимпии муосир”, “Ҳимояи варзишгарони ҷавон”, “Кодекси зидди допинг”, “Малакаҳои идоракунӣ дар варзиш”, “Ахлоқ дар варзиш” ва ғайра маърӯза шуниданд.
Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки он барои такмили ихтисоси масъулон мусоидат мекунад.
Дар анҷом ба иштирокчиён сертификат супорида шуд.
Давраи омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд баргузор шуда, давоми сол ин чорабинии омӯзишӣ дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, ВМКБ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир хоҳад гашт.